Мо якчанд намуди корт дорем:
Visa:
— Visa Gold;
— Visa Platinum;
— Visa Infinite;
— Visa Business.
Mastercard:
— Mastercard Platinum;
— Mastercard Digital (виртуалӣ).
Корти миллӣ
Ҳар намуди корт фарқ мекунад — аз рӯи меъёрҳо, асъор, имтиёзҳо ва шартҳо. Кортеро интихоб кунед, ки ба шумо мувофиқ аст, ва маълумоти бештарро дар сайт ё барномаи Alif пайдо кунед.
Метавонед кортро се роҳ дархост кунед:
— Дар сайти alif.tj;
— Дар барномаи Alif;
— Дар офисҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии мо.
Дар сайт
— Ба сайти alif.tj гузаред.
— Дилхоҳ кортро интихоб кунед ва тугмаи «Корт гирифтан»-ро пахш кунед.
— Саволномаро пур кунед.
— Ҳамин ки корт омода шавад, бо шумо тамос мегирем.
Дар барномаи Alif
Барномаи Alif-ро кушоед.
Ба бахши «Ҳамаи кортҳо» гузаред.
«Кортҳои Visa ва Mastercard-ро дар худи барнома дархост намоед»-ро пахш кунед.
Корти лозимаро интихоб карда, «Дархост кардан»-ро пахш намоед.
Маълумотро пур кунед ва агар лозим бошад — маблағро равон кунед.
Ҳамин ки корт омода шавад, шуморо огоҳ мекунем.
Муҳим: Корти виртуалии Mastercard Digital-ро шумо ройгон ва фавран дар дохили барнома мегиред.
Дархости Visa Business
— Ин корт танҳо барои мизоҷони Alif Business дастрас аст.
— Агар аллакай мизоҷ бошед, дар сайт метавонед дархост гузоред.
— Агар ҳоло мизоҷ набошед, инчунин дар сайт дархост гузоред (номи ширкат ва рақами телефон), ва мо бо шумо тамос мегирем
«Корти миллӣ»
Ин корт танҳо дар офисҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии Алиф дастрас аст.